Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд

Август 29, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 29.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Жонгшан»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд намояд. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳамкории мутақобили судманд зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо мудири кулли ширкати «Жонгшан»-и Ҷумҳурии мардумии Чин муҳокима гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ татбиқи лоиҳаҳои муштарак, амалисозии роҳу усулҳои пешрафтаи парвариш ва истеҳсоли моҳӣ дар вилояти Суғд баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки вилояти Суғд дорои имконияти зиёд буда, бо ҷалби сармоя метавон ин лоиҳаҳои муштаракро дар он амалӣ намуд.

Роҳбари ширкати «Жонгшан»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин барои густариши ҳамкорӣ дар ин самт ибрози омодагӣ намуд. Маълумот дода шуд, ки ширкати «Жонгшан»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ширкатҳои пешсаф дар самти парвариш ва истеҳсоли моҳӣ буда, дорои беш аз 1200 ҳавзи моҳидорӣ дар 50 давлати ҷаҳон мебошад. Дар ҳавзҳои моҳидорӣ вобаста ба иқлим то 30 намуд моҳӣ парвариш меёбанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 29, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард