Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шоир, нависанда ва рӯзноманигори афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш, ки дар Олмон зиндагӣ мекунад, дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навиштааст.
Муаллиф дар ин шеър бо эҳсоси самимии ҳамдилӣ ва пайванди таърихию фарҳангии тоҷикони ду соҳили Ому ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пайванди ҳамтаборон таъкид намуда, аз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун «Пешвои халқи тоҷик дар ҷаҳон» ва «Посбони иззати Сомониён» ёд мекунад.
Аҳмад Ҳанойиш дар меҳрномаи худ бо истифода аз тасвирҳои шоирона ва рамзҳои таърихию фарҳангӣ ормони ҳамбастагии тоҷиконро баён намуда, таъкид мекунад, ки риштаҳои гусастаи ҳамдиливу ҳамтаборӣ метавонанд бо тадбир ва роҳбарии хирадмандона дубора ба ҳам пайванд ёбанд.
Дар идома матни пурраи меҳрномаи Аҳмад Ҳанойиш пешкаш мегардад.
Паёми ҳамдилӣ ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон
Омадам бар хитаи фарҳангу дод,
Бо суруди сабз, аз Уммулбилод.
Бо суруди нағзу шеъри ҳамдилӣ,
Ҳамчу Анқо, дар сипеҳри ҳамдилӣ.
То бигӯям, инчунин фархунда бод,
Ҷавҳари озодагитон зинда бод!
Бо шумо дорем паранги муштарак,
Аз буни таърих санги муштарак.
Он сӯйи Омӯ навое медиҳад,
Бар Шумо дар сина ҷойе медиҳад.
Дар наво печида ранги як паём,
То расад бар кӯйи номии Имом.
Бар Имоми адл — Раҳмони сутург,
Усваи фарри Хуросони бузург.
Пешвои халқи тоҷик дар ҷаҳон,
Посбони иззати Сомониён.
Ҳамтаборони Шумо саргаштаанд,
Ҳар яке бар шохаҳо пайвастаанд.
Иқтидори шон аз ин занҷир нест,
Дастҳо бар меҳвари тадбир нест.
Ҳалқаҳо бигсаста аз шерозаанд,
Ҳар кадом аз худ вуҷуди тозаанд.
Ганҷҳо доранду худ ошуфтаанд,
Дарбҳо бар рӯйи ваҳдат бастаанд.
Чашмҳо сӯйи тадобири Шумост,
Саҳна дар майдону ожири Шумост.
Риштаи бигсаста дар ин моҷаро,
Мешавад пайваст бо дасти Шумо.
Риштаи бигсастаро пайваста кун,
Як ба як пайваст дар як ришта кун.
То биёянд боз дар ҳамбастагӣ,
Фориғ аз андешаи бишкастагӣ.
То ба ин мақсуди мо ноил шавӣ,
Киштии бишкастаро соҳил шавӣ.
Боҳамиро меҳваре барпо шавад,
Чашмаҳо ҷорӣ шавад, дарё шавад.
Аҳмад Ҳанойиш,
шоир, нависанда ва рӯзноманигори афғонистонӣ,
Августи соли 2026,
Олмон








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






