Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳадиса Қурбонова яке аз чеҳраҳои барҷастаи назми муосири тоҷик ба шумор мерафт. Осори ӯ ба мавзуъҳои муҳими иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва ишқумуҳаббат бахшида шуда, дар рушди адабиёти тоҷик нақши мондагор гузоштааст.
Ҳадиса Қурбонова 17 феврали соли 1940 дар деҳаи Шӯркаҳаки ноҳияи Сарихосори вилояти Хатлон таввалуд шудааст. Аз овони мактабхонӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, муаллифи китобҳои ашъори «Паймон» (1972), «Шукрона» (1980), «Нури Октябр» (1981), «Сомон» (1984), «Даргоҳи Офтоб» (1986), «Дунёи ҷавонӣ» (1987), «Эҳсон» (2000), «Лоиқ намеояд дигар» (2001), «Мадина» (2003), «Чакомаи Душанбе» (2003), «Сояи миҷгон» (2006), «Ҳилолӣ» (2008) ва ғайра мебошад. Силсилаи очеркҳояш дар матбуоти даврӣ ва маҷмуаҳои «Аз пайроҳа то шоҳроҳ» (1976), «Боғҳои шаҳдрез» (1983), «Теғи одамкуш» (Москва, 2008) ва «Мазҳари Хуршед» (дар ду ҷилд, 2013) ба табъ расидаанд.
Шоир соли 1994 сазовори унвони фахрии «Корманди шоистаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардидааст. Соли 2003 барои китоби «Лоиқ намеояд дигар» сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст. Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова ҳамчунин дорандаи нишони фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва Нишони «Сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






