Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 август дар шаҳри Ҳисор Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа расман ифтитоҳ ёфт. Чорабинӣ ба татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 бахшида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Чорабиниро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа Исфандиёри Саъдулло раисӣ карданд.
Дар чорабинӣ намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, роҳбарияти Намояндагии доимии Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон, Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Дафтари Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳамчунин, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони корпуси дипломатӣ, аъзои Шуро ва гурӯҳҳои кории он, филателистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар чорабинӣ иштирок намуданд.
Дар доираи чорабинӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маркаи ҷашнии почта ба муомилот бароварда шуд. Раисикунандагон ва меҳмонони фахрӣ мӯҳри рӯзи аввалро гузошта, Лифофаҳои рӯзи аввалро ба ҳозирин тақдим карданд.
Ифтитоҳи Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа ҳамчун як қадами муҳим дар самти татбиқи ҳамоҳангшудаи Стратегияи рушди соҳаи алоқа то соли 2040 арзёбӣ гардид.
Зимни маросим раиси Шуро, раисон ва ҳамраисони гурӯҳҳои корӣ ва котиботи Шуро ба аъзо ва шарикон расман муаррифӣ шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ Эъломияи Шуро ба имзо расида, сана ва мавзуи нахустин ҷаласаи кории он эълон карда шуд.
Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа ҳамчун механизми ҳамоҳангсозии татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 таъсис ёфта, барои таҳкими ҳамкории сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар самти рушди рақамии соҳа замина фароҳам овард.
Чорабинӣ бо иштироки васеи намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи дипломатӣ баргузор шуда, бо дастуру супоришҳои мушаххас ҷамъбаст гардид.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






