Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд

Август 12, 2026 08:27

ДУШАНБЕ, 12.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 август дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ оид ба доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба табодули афкор доир шуд. Ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Ҷопон изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба рушди ҳамкории амалӣ дар самтҳои афзалиятнок, инчунин ҳамкорӣ дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» зоҳир гардид.

Хусусан аҳаммияти иҷрои тавофуқоте, ки роҳбарони давлатҳо дар доираи Саммити «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» ба даст овардаанд, инчунин татбиқи амалии онҳо бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон таъкид гардид.

Дар фарҷоми вохӯрӣ маросими имзои санадҳои муштарак, аз ҷумла мубодилаи ёддоштҳо оид ба лоиҳаи «Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)» ва   зеристгоҳи низоми интиқоли барқи  Душанбе баргузор гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон   

 

Август 12, 2026 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид