«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид

Август 29, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 29.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Доир ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи энергетика китоби нав бо номи «Сиёсати нурафзо» аз чоп баромад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон.

Китоб бо пешниҳод ва зери назари раиси Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Аслиддин Назарзода тавассути нашриёти «Балоғат» ба нашр расидааст.

Тавре дар пешгуфтори китоб дарҷ гардидааст: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқ муайян кардаанд, ки «таҳкурсии асоситарини иқтидори иқтисодии ҳар давлат рушди соҳаи энергетика мебошад». Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ барои пойдор мондани ин таҳкурсӣ корҳои зиёде ба сомон расонда шуд».

Китоб аз ду қисм иборат буда, қисми якум дар бораи рушди энергетикаи тоҷик дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ маълумот медиҳад. Дар ин қисмат чашмандозе ба таърихи ташаккули соҳаи энергетика ва таҷдиди пайвастаи инфрасохтори он мавҷуд аст.

Қисми дуюми китоб пурра ба Неругоҳи барқи обии «Роғун», аҳаммият ва манфиати он бахшида шудааст. Маълумоти дар китоб дарҷшуда хеле боэътимод буда, тамоми паҳлуҳои ахтари нури Тоҷикистон ва заҳмату корномаи мардуми меҳнатдӯстро дар марзи номус таҷассум менамояд.

Китоб чун армуғони Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳия ва нашр гардида, ба сиёсатшиносон, таҳқиқгарони соҳаи энергетика ва оммаи васеи хонандагон пешкаш мегардад.

АКС: Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон

Август 29, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид