Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин 25 август дар шаҳри Душанбе зимни вохӯрии директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода бо намояндагони Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии содирот хабар доданд.
Дар мулоқот ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ, пешбурди маҳсулоти ватанӣ ба бозорҳои нав ва таҳкими робитаҳои институтсионалӣ байни сохторҳои марбутаи ду ҷумҳурӣ муҳокима гардиданд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон имконияти зиёди содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро дошта, метавонад дар баробари дигар давлатҳо ҳамчунин ба Чин содирот намояд. Ҷонибҳо тақвияти ҳамкории минбаъдаро муҳим арзёбӣ намуданд.
Намояндагони Саридораи гумруки Чин ҳамзамон бо фаъолияти корхонаҳои парандапарварии ҷумҳурӣ шинос мешаванд.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






