Сохтмони зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и Варзишгоҳи миллӣ босуръат идома дорад
ДУШАНБЕ, 12.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи барқии 110/10кВ-и Варзишгоҳи миллӣ босуръат идома доранд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмуҳаммадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ –и Варзишгоҳи миллӣ шинос шуд.
Зимни шиносоӣ масъулон оид ба вазъи кунунии корҳои сохтмонӣ, иқтидори зеристгоҳ ва нақшаҳои минбаъдаи ба истифода додани иншоот маълумот пешниҳод намуданд.
Зеристгоҳи мазкур дар доираи рушди инфрасохтори энергетикии пойтахт бунёд гардида, ба баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти барқ ва қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни иншооти муҳими иҷтимоии шаҳр равона шудааст.
Директори Агентӣ дар Варзишгоҳи миллӣ ва Театри миллӣ бо вазъи таъминоти барқ ва шароити фаъолияти иншооти мазкур шинос гардид.
Дар ҷараёни боздид ба масъалаҳои таъмини устувор ва боэътимоди неруи барқ, ҳолати шабакаҳои барқӣ ва омодагии инфрасохтори энергетикӣ ба таъмини бефосилаи иншооти муҳими пойтахт таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
АКС: Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд






