Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад

Август 16, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 16.08.2026 /АМИТТ «Ховар»/. То охири соли 2026 ҳолати мелиоративии 13 ҳазору 636 гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокӣ арзёбӣ мегардад. Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ барномаи «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 – 2028» мавриди амал қарор дорад.

Дар доираи ин барнома соли 2026  беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 18 ҳазору 076 гектар заминҳои кишоварзӣ бо маблағи 22,2 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. То 1 июли соли равон ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ  ҳолати мелиоративии 4 ҳазору 440 гектар заминҳо беҳтар гардонида шуд.

Мутахассисони соҳа иброз намуданд, ки тағйир ёфтани ҳолати мелиоративии заминҳо раванди доимӣ буда, бо сабаби риоя накардани усулҳои агротехникӣ, технологияи обмонӣ, сари вақт тоза накардани заҳбуру заҳкашҳои дохили хоҷагӣ, дар ҳолати ғайритехникӣ нигоҳ доштани чоҳҳои амудии хушккунанда ва дигар омилҳо ба амал меояд ва вазъи мелиоративии заминҳоро мураккаб менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 16, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон