Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон доир мегарданд. Дар ин хусус 27 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ирфон Аҳмад зимни мулоқот бо намояндагони расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
Сафир афзуд, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар Тоҷикистон дар доираи ҳамкории фарҳангии ду давлат гузаронида шуда, ҳадафи он муаррифии фарҳангу санъат ва адабиёти Покистон ба мардуми Тоҷикистон мебошад. Мардумони Тоҷикистону Покистонро аз қаъри асрҳо таърих ва фарҳангу тамаддуни муштарак бо ҳам мепайвандад. Дар Покистон шоирони зиёде ҳастанд, ки бо забони форсӣ эҷод мекунанд. Аз ин рӯ, дар Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар Тоҷикистон аҳли илму адаби ин кишвар низ иштирок намуда, мардуми Тоҷикистонро бо ашъорашон шинос хоҳанд кард. Осори шоирони бузурги форсигӯи Покистон, чун Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва Файз Аҳмад Файз дар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд доранд. Аз ин рӯ, омӯзиши адабиёти муштарак ҷузъи муҳими робитаҳои илмию фарҳанги ду кишвар арзёбӣ мегардад.
Интизор меравад, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои мусиқию фарҳангӣ, муаррифии адабиёту санъати миллӣ ва мулоқоти аҳли фарҳангу адаби Тоҷикистону Покистон баргузор шаванд.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар Тоҷикистон дар соли оянда ба тақвияти робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстию рафоқати мардумони Тоҷикистону Покистон, муаррифии санъати миллӣ ва таҳкими дипломатияи фарҳангӣ мусоидат мекунад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






