СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид

Август 14, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мошингарди хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд, ки бештар аз 5 километр аст, васеъ карда мешавад. Васеъсозии ин қисмати роҳ аз 6 то 18 метрро ташкил медиҳад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Бояд гуфт, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои созандагию ободонӣ марҳила ба марҳила амалӣ гардида, дар асоси нақшаи тарҳрезишуда дар баробари бунёди даҳҳо иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба таъмиру навсозии роҳу пул ва кӯчаю хиёбонҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.

Ин тадбири муҳим дар асоси нақша бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардида, баъди анҷоми корҳо дар ду самт 6 хати ҳаракати воситаҳои нақлиёт пешбинӣ гардидааст.

Пеш аз оғози мумфаршкунӣ бо истифода аз техникаю механизми зарурӣ роҳи мазкур тахту ҳамвор гардида, инфрасохтори коммуналии зери иншоот, ба монанди қубурҳои ташноб пурра иваз карда шуданд. Ҳоло коргарону муҳандисони ширкатҳои пудратӣ корҳои нақшавиро бо сатҳу сифати баланд иҷро менамоянд.

Рӯзҳои наздик мумфарш намудани роҳ аз назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз мегардад. Ҳамзамон барои фароҳам овардани шароити созгор барои сокинону меҳмонон дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев, дар самти соҳили чапи дарёи Сир сохтмони роҳҳои пиёдгард низ идома дорад.

Роҳи пиёдагард, ки қариб 5 километрро ташкил медиҳад, бо истифода аз сангҳои табиӣ сохта мешавад. То ин замон 80 фоизи корҳо иҷро шуда, масъулон нақша доранд, ки сохтмони роҳи пиёдагардро то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пурра ба анҷом расонанд.

Дар соҳили рости дарёи Сир низ дар масофаи  бештар аз 5 километр роҳҳои пиёдагард бунёд гардида, барои машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ дастгоҳу лавозимоти варзишӣ насб карда шудаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 14, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд