Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Спитамен бо вазъи соҳаҳои пахтакорӣ, боғдорӣ ва токпарварӣ шинос гардид
ДУШАНБЕ, 07.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Спитамен бо вазъи корҳои саҳроӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен хабар медиҳад.
Муовини Сарвазири мамлакат нахуст бо ҳолати нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии «БТК групп» шинос гардид. Инчунин бо ҳолати рушди киштзор, сифати нигоҳубини зироат, риояи талаботи агротехникӣ ва тадбирҳои амалишаванда барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ шинос шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хоҷагии деҳқонии «Охтеппа»-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол боздид намуда, бо раванди парвариш ва нашъунамои токзор шинос шуданд. Ба масъулин ва кишоварзон барои нигоҳубини дурусти токзор, истифодаи технологияҳои пешрафта, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли ангур дастуру тавсияҳои муфид дода шуд.
Ноҳияи Спитамен аз минтақаҳои муҳими кишоварзии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, рушди соҳаҳои пахтакорӣ ва боғдориву токпарварӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши назаррас дорад.
Дар ноҳия истифодаи самараноки замин, иҷрои босифати корҳои агротехникӣ ва татбиқи усулҳои муосири кишоварзӣ барои таъмини ҳосили фаровон ва рушди устувори соҳа аҳаммияти калон дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен








Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид






