Таҷдид ва навсозии гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо намояндагони Бонки Осиёии рушд баррасӣ шуд

Август 5, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 05.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳои таҷдид ва навсозии гузаргоҳҳои сарҳадӣ, аз ҷумла рушди инфрасохтори нуқтаҳои гузаргоҳи гумрукӣ дар доираи ҳамкории минтақавӣ дар мулоқоти маҷозии муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Турсунзода бо намояндагони Бонки Осиёии рушд (БОР) баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки намояндагони Бонки Осиёии рушд сатҳи ҳамкории мутақобилро бо Хадамоти гумруки Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамоҳангсозии минбаъдаи лоиҳаи таҷдиди гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод – Ойбек»-ро мутахассиси Бонки Осиёии рушд Ари Каллиокоски ба уҳда мегирад.

Гуфта шуд, ки гузаргоҳҳои «Фотеҳобод – Ойбек», «Саразм» ва «Навбунёд» аз ҷумлаи объектҳои афзалиятноки Бонки Осиёии рушд дар минтақа мебошанд. Бо назардошти афзоиши назарраси ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалӣ зарурати рушди инфрасохтори сарҳадӣ ва баланд бардоштани иқтидори гузаргоҳҳо таъкид карда шуд.

Тавре намояндагони Бонки Осиёии рушд иттилоъ доданд, ин лоиҳаҳо дар доираи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC/ЦАРЭС) амалӣ мегарданд. Барои маблағгузории онҳо дар ҳашт соли оянда ҷалби тақрибан 400 миллион доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шудааст.

Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъкид намуд, ки байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон мулоқотҳои мунтазами корӣ баргузор мешаванд. Ин вохӯриҳо ба беҳтар гардидани фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод – Ойбек» ва коҳиш ёфтани вақти анҷом додани расмиёти гумрукӣ мусоидат менамоянд.

Гуфта шуд, ки татбиқи низоми «Як таваққуфгоҳ» (One Stop Border Post), рақамикунонии низоми гумрукӣ ва ҷорӣ намудани низоми иттилоотии ASYCUDA аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳа ба ҳисоб мераванд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои густариши ҳамкорӣ, пешбурди лоиҳаҳои таҷдиди гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҷалби маблағгузории минтақавӣ ҷиҳати рушди инфрасохтори гумрукӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 5, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд