Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар меҳвари мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Чжитсзюн қарор гирифт.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо нияти татбиқи тасмимоти роҳбарони олии ду давлат- Тоҷикистон ва Чинро тасдиқ карда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои сода кардани амалиёти тиҷоратӣ ва робитаҳои башардӯстона байни ду давлати ҳамҷавор таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Татбиқи нақшаҳои пешбинишуда бояд робитаҳои нақлиётии минтақаро тақвият бахшида, самаранокии хатсайрҳои логистикиро баланд бардорад.
Ба ҳарчи зудтар оғоз бахшидани татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳи автомобилгарди «Мурғоб – Қулма», таҷдиди гузаргоҳи сарҳадии «Қулма – Қаросу», бунёди роҳҳои бисёрқабата (эстакадаҳо) дар шаҳри Душанбе дар буриши кӯчаҳои «Абай – А. Қаҳҳоров», «А. Ҷомӣ – А. Қаҳҳоров», «Ҷанубӣ – А. Қаҳҳоров», пул дар болои дарёи Душанбе дар буриши кӯчаҳои «Ҷанубӣ – А. Қаҳҳоров», инчунин зудтар анҷом додани корҳо аз рӯи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди «Қалъаи хумб – Ванҷ» таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳаҷми боркашонӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар шаш моҳи соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба андозаи 23,9 фоиз афзудааст.Дар робита ба ин, татбиқи саривақтии ин лоиҳаҳо барои ҳарду ҷониб ҳам аз ҷиҳати стратегӣ ва ҳам иқтисодӣ муфид аст.
Сафири Чин гуфт, ки ҷониби Чин низ ба таҳкими робитаҳои дӯстона бо Тоҷикистон манфиатдор аст ва дар шуруъ намудани татбиқи лоиҳаҳои гуфташуда саҳми арзанда хоҳад гузошт.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






