Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 август дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар конференсия олимону муҳаққиқон, сиёсатмадорон, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, сафирони беш аз 20 давлат, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимии дохилу хориҷи мамлакат иштирок намуданд.
Дар доираи конференсия намоиши васеи китобҳо, рӯзномаю маҷаллаҳо ва дигар маводи чопӣ ташкил карда шуд. Дар намоиш даҳҳо номгӯй асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва китобҳое, ки ба фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ ва фарҳангии Сарвари давлат бахшида шудаанд, ба маъраз гузошта шуданд.
Аз ҷумла, китобҳои «Тоҷикистон: чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ», «Тоҷикистон дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ» дар се ҷилд, «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» дар ду ҷилд, силсилаи 21-ҷилдаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Масъулият барои фардои миллат», «Дар бораи дин», «Мероси Ҷалолуддини Балхӣ ва ҷаҳони муосир», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Забон нигаҳбони ҳувияти миллист», «Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ», «Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор», «Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам», «Варзиш – қосиди сулҳу дӯстӣ», «Забони миллат – ҳастии миллат» дар ду ҷилд, «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои Истиқлол», «Саразм – хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик» ва дигар асарҳо ба намоиш гузошта шуданд.
Зимни конференсия масъалаҳои худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҷомеа ва таҳкими ҳувияти миллӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки фаъолияти сиёсӣ, фарҳангӣ, байналмилалӣ, илмию таърихӣ ва нақши мондагору саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ дорад.
Иброз шуд, ки омӯзиши фаъолияти сиёсӣ ва давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нигоҳи илмӣ аҳамияти хос дошта, ба таҳлили равандҳои таърихии ташаккули Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳувияти шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.
Баргузории чунин конференсияҳои илмӣ-назариявӣ барои омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи таърихи давлатдории навини Тоҷикистон, нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди мамлакат ва саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






