Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд

Август 29, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 29.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз китобхона хабар доданд.

Иброз гардид, ки дар баробари китобхонаҳои давлатӣ ва муассисавӣ китобхонаҳои хусусӣ низ метавонанд дар рушди китобдории миллӣ саҳми назаррас гузоранд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси китобхонаҳоро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иҷозат медиҳад ва китобхонаҳои хусусиро ҳамчун яке аз намудҳои китобхона эътироф мекунад.

Китобхонаҳои шахсӣ одатан дар натиҷаи солҳои зиёд ҷамъоварӣ намудани китобҳо, дастхатҳо, асарҳои нодир, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопӣ ба вуҷуд меоянд.

Баъзе аз чунин маҷмуаҳо метавонанд дорои арзиши муҳими илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ бошанд. Аз ин рӯ, соҳиби китобхонаи шахсӣ танҳо ҷамъоварандаи китоб нест, балки метавонад ҳамчун ҳифзкунандаи мероси хаттӣ ва фарҳангии миллат баромад кунад.

Дастгирӣ ва рушди китобхонаҳои шахсӣ, ба роҳ мондани ҳамкории онҳо бо китобхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ, инчунин истифодаи технологияҳои рақамӣ метавонад барои рушди минбаъдаи китобдории миллии тоҷик заминаи муҳим фароҳам оварад.

Дар замони ҷаҳонишавӣ китобхонаҳои шахсӣ метавонанд ба яке аз унсурҳои муҳими низоми китобдории миллӣ табдил ёбанд. Онҳо на танҳо ҷойи нигоҳдории китоб, балки хазинаи хотираи таърихӣ, маркази маърифат ва воситаи ҳифзи ҳувияти миллӣ мебошанд.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Август 29, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад