ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст

Август 26, 2026 08:00

26 августи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Дилшод Назаровро барои гузоштани саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI  тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро -2016 бо мукофоти давлатӣ — Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода Боғи фарҳангу фароғатии шаҳрро, ки аз нав сохта шуд, мавриди истифода қарор доданд.

***

26 августи соли 2022 суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш доир гардид. Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла оид ба масъалаҳои калидии байналмилалӣ, бахусус таъмини сулҳу суботи фарогир ва рушди устуворро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

***

26 августи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба  Ҷумҳурии Қазоқистон аз Масҷиди марказии шаҳри Остона ва Маркази Ҳукумати рақамии ин давлат боздид ба амал оварданд.

***

26 август соли 2025 Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбунёди Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт ва дар деҳаи навбунёди Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод манзилҳои истиқоматии сокинони аз заминларза зарардидаро ба соҳибонашон супориданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбунёди деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт Муассисаи таҳсилоти томактабии «Зарангак», фаъолияти муҳимтарин иншоот дар водии Рашт – роҳи Оби гарм — Нуробод ва роҳи таъмиру навсозишуда аз гардиши Роғун – Оби гарм то маркази шаҳри Роғунро ба истифода доданд.

***

26 августи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷараёни корҳо дар обқабулкунаки доимӣ, баромадгоҳи нақби нақлиётии Т-9¹, майдончаи назоратии рӯди Оби Шӯр, сарбанди ҳимоявӣ майдончаи сохтмонии №5 А, нақбҳои обрасони №1 ва 2-и ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чоруми Неругоҳи барқи обии «Роғун»  шинос шуданд.

***

26 августи соли 2025  дар Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ва Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд. Инчунин дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Остона бо фаъолияти технопарки байналмилалии Астана Хаб (Astana Hub) шинос шуданд.

26 АВГУСТ:

Рӯзи байналмилалии ҳунарпеша.

***

Дар Аргентина — Рӯзи ҳамбастагӣ

***

Дар Иёлоти Мутаҳидаи Амрико–Рӯзи баробарҳуқуқии занону мардон.

РӮЙДОДҲО:

26 августи соли 2011 роҳи мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон мавриди истифода қарор гирифт.

***

26 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар мавзуи  «Тағйирёбии иқлим ва механизмҳои мутобиқатшавӣ» конференсияи минтақавӣ баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1867  дар Париж аввалин конгресси байналмилалии тиббӣ баргузор гардид.

***

Соли 1982 дар Аргентина манъи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ бекор карда шуд.

***

Соли 1926 дар Италия клуби футболи «Фиорентина» таъсис дода шуд.

***

Соли 1955 шабакаи телевизионии NBC аввалин маротиба дар ҷаҳон пахши рангаи гузориш аз мусобиқаи теннисро ба роҳ монд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Дилбар Умарова, соли  1949— ҳунарпешаи театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2001), аъзои Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон (1976).

 

Август 26, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд