Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист байни Тоҷикистон ва Муғулистон баррасӣ гардид

Август 27, 2026 09:59

ДУШАНБЕ, 27.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мубориза бо биёбоншавӣ ва коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Президенти COP17, Вазири корҳои хориҷии Муғулистон Батмунхийн Батсетсег дар Улан –Батор баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мулоқот дар доираи иҷлосияи 17-уми Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD COP17) 17 август дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон шуруъ шуда, то 28 август идома меёбад.

Ҷонибҳо аҳамияти саривақтии ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Конфронси дар пешистодаи оби Созмони Милали Муттаҳидро, ки соли 2028 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баланд арзёбӣ карданд.

Дар доираи иҷлосияи 17-уми Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD COP17) Баҳодур Шерализода инчунин бо мушовири Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба масъалаҳои экологӣ ва раиси Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлими Узбекистон Азиз Абдуҳакимов мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ташаббусҳои муштарак оид ба ҳифзи экосистемаҳо, истифодаи устувори захираҳои табиӣ, тақвият ва густариши ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ дар доираи конвенсияҳои байналмилалии экологӣ баррасӣ карда шуданд.

Дар ҷараёни мулоқот бо Вазири экология ва тағйирёбии иқлими Муғулистон Тсендин Сандаг-Очир ҳамкории дуҷониба дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва пешгирии таназзулёбии замин баррасӣ гардид.

Пас аз мулоқотҳо ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талошҳои муштаракро барои мубориза бо биёбоншавӣ, пешгирии таназзулёбии замин, коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлиму обшавии пиряхҳо ва тақвияти ҳамкорӣ дар доираи конвенсияҳои экологию ташаббусҳои минтақавии экологӣ тақвият диҳанд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 27, 2026 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад