Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 04.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии муташаккил, бехатар ва қонунӣ 3 август зимни вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кэтрин Смиттон баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷиарт ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо дар вохӯрӣ татбиқи лоиҳаи «Мусоидат ба муҳоҷирати бехатар ва танзимшаванда аз Тоҷикистон ба Британияи Кабир»-ро муҳим арзёбӣ намуданд.
Иброз гардид, ки дар доираи ин лоиҳа низоми иттилоотонӣ, хатти доимоамалкунандаи машваратӣ, даврҳои омӯзиши забони англисӣ, саводнокии молиявӣ ва омодагии пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда шудаанд.
Инчунин зимни вохӯрӣ таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкорӣ дар самти ҷалби бештари корфармоёни Британияи Кабир ва сафарбаркунии бештари хоҳишмандон барои корҳои мавсимӣ равона карда шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории судманд дар самти рушди муҳоҷирати меҳнатии муташаккил, бехатар ва қонунӣ ба манфиати ҳар ду давлат таъкид намуданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






