«ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ». Гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотӣ фаъолияти занони ҳунарманд ва коргоҳҳои истеҳсолиро муаррифӣ менамояд

Август 22, 2026 09:20

ДУШАНБЕ, 22.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби собиқадорон ва фаъолзанон гурӯҳи таблиғотӣ-ташвиқотии «Таблиғгарони Истиқлол» таъсис дода шудааст.

Ҳадафи асосии гурӯҳ муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, бахусус пешрафтҳои занону духтарон дар соҳаҳои гуногун, тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷомеа мебошад.

Гурӯҳи «Таблиғгарони Истиқлол» дар доираи сафар ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо сокинон, занону духтарон, зиёиён, фаъолони ҷомеа ва аҳли дин вохӯриҳо анҷом дода, оид ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таҳкими оила ва тарбияи насли наврас суҳбатҳо баргузор менамояд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти гурӯҳ шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳу корхонаҳое мебошад, ки  бо ташаббуси занон таъсис ёфта, дар онҳо барои занону духтарон ҷойи кор ва имконияти соҳибкасб шудан фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон бо усули «деҳа ба деҳа» ва «маҳалла ба маҳалла» чорабиниҳои маърифатӣ баргузор гардиданд.

Дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе гурӯҳи «Таблиғгарони Истиқлол» бо фаъолони ноҳия вохӯрӣ намуда, оид ба дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ андешаронӣ намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияи Исмоили Сомонӣ иброз намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам овард. Аз ин рӯ, дар шароити имрӯза ҳар шаҳрванд бояд бо дарки баланди масъулият дар ҳифзи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳм гузорад.

Дар ин ноҳия аъзои гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотӣ  бо фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе» шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона беш аз 200 зан фаъолият намуда, бо меҳнати содиқона дар рушди истеҳсолоти ватанӣ саҳми арзанда мегузоранд. Кормандони корхона асосан ба дӯхтани шиму костюм машғул буда, бо истифода аз таҷҳизоти муосир маҳсулоти хушсифат омода менамоянд.

Аъзои гурӯҳ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо фаъолияти корхонаи саноатӣ – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис», ки аксари кормандони онро занон ташкил медиҳанд, шинос шуданд.

Иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббусҳои созанда ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Дар натиҷаи татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии занону духтарон имконияти онҳо барои таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти меҳнатӣ ба таври назаррас васеъ гардид.

Гурӯҳи «Таблиғгарони Истиқлол» дар ноҳияи Варзоб бо сарбозон вохӯрда, доир ба аҳамияти Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва садоқат ба Ватан суҳбат намуданд. Аъзои гурӯҳ нақши ҷавононро дар таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи марзу буми мамлакат муҳим арзёбӣ намуда, сарбозонро ба хизмати содиқона ба Ватан даъват карданд.

Дар Ҷамоати деҳоти Деҳмалики деҳаи Такоби ин ноҳия гурӯҳи таблиғотӣ бо фаъолияти дӯзандагон-занони хонашин шинос шуданд. Иброз гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, бахусус дӯзандагӣ ба баланд бардоштани сатҳи маърифати касбӣ ва рушди фаъолияти занону духтарон мусоидат мекунад.

Ҳамзамон аъзои гурӯҳи таблиғотӣ бо фаъолияти коргоҳи дӯзандагии «Закия», даврҳои омӯзишии пазандагӣ ва дӯзандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Корвони умед» низ шинос шуданд.

Дар шаҳри Норак вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотӣ бо фаъолзанон ва духтарон  оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии занону духтарон, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангию миллӣ баргузор гардид.

Аъзои гурӯҳ дар деҳаи Дуконии Ҷамоати деҳоти Дуконӣ бо раванди парвариши гулҳои ороишӣ дар гармхонаҳои муосири  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гулнур» шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии гармхонаҳо 10,9 гектарро ташкил медиҳад.

Дар айни замон дар як гектар гули садбарг ва дар ду гектари дигар гулҳои мавсимӣ парвариш карда мешаванд. Ҳадафи асосии корхона таъмини бозори дохилӣ бо гулҳои ороишии хушсифат ва ба талаботи бозор ҷавобгӯ мебошад. Дар гармхонаҳо таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин насб гардида, раванди истеҳсолӣ бо истифода аз технологияҳои худкори рақамӣ ба роҳ монда шудааст. Дар гармхонаҳо тақрибан 2,5 миллион дона гул ва ниҳоли ороишӣ аз навъҳои гуногун, аз ҷумла петуния, салвия, хризантема, сини, колеус, синерария, астра, матиола ва дигар навъҳо парвариш карда шуда, барои фурӯш омода мебошанд.

Зимни шиносоии гурӯҳи «Таблиғгарони Истиқлол» бо фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бофандаи Норак» маълумот дода шуд, ки 110 нафар занон ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд. Дар ин коргоҳ барои сарбозону афсарони Ҷумҳурии Тоҷикистон сарулибоси низомӣ медӯзанд. Бо мақсади фароҳам овардани ҷойи нави кор барои беш аз 120 нафар мошинаҳои дарздӯзӣ ворид карда шуда, ҷойи кори доимӣ ташкил гардидааст.

Гурӯҳи «Таблиғгарони Истиқлол» бо фаъолзанони ноҳияи Данғара низ вохӯрӣ намуда, дар Донишгоҳи давлатии Данғара Маркази  «Chakan House»–ро ифтитоҳ намуданд. Иброз гардид, ки мақсади асосии фаъолияти маркази дӯзандагӣ бо ҷойи кор таъмин намудани занони ҳунарманди хонанишин буда, дар он 40 зан ба фаъолият оғоз намудаанд. Ин иқдом ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва устувории иқтисодии оилаҳо таъсири мусбат хоҳад расонд.

Фаъолияти гурӯҳи «Таблиғгарони Истиқлол» дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, рушди фаъолияти иқтисодии занон ва муаррифии дастовардҳои 35 соли Истиқлоли давлатӣ равона гардидааст. Идомаи чунин иқдомҳо дар самти баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа муҳим арзёбӣ мегардад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 22, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи миллиро бо 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ИСТИҚЛОЛОФАРӢ. Андешаҳои коршиноси масоили сиёсӣ дар ин маврид
РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар вилояти Хатлон беш аз 900 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чор лоиҳаи муҳим, ки ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод равона шудаанд, муаррифӣ гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод якчанд иншооти соҳаи маорифро фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи «Роғун» мулоқот намуданд
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд