«ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Ваҳдат ҳамоиш баргузор гардид

Август 10, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 10.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат таҳти унвони «Таблиғгарони Истиқлол» ҳамоиш доир шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамоиш бо ташаббуси кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат гузаронида шуд. Он ба таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ равона гардид.

Дар ҳамоиш масъалаҳои омодагӣ ва таҷлили шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон, нақши занон дар рушди ҷомеа, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иброз гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушди устувори мамлакат, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардум заминаи устувор гузоштааст. Аз ин рӯ ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими арзишҳои миллӣ вазифаи ҳар шаҳрванди мамлакат ба ҳисоб меравад.

Дар шароити имрӯза баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва худшиносии миллӣ, махсусан дар байни ҷавонону занон аҳамияти муҳим дорад.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода баён дошт, ки занону модарон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди оила, тарбияи фарзандони соҳибмаърифат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши муҳим доранд.

«Занон дар баробари иҷрои рисолати муҳими модарию оиладорӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ, пешрафти маорифу фарҳанг ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ саҳми арзанда мегузоранд. Фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занон ва дастгирии ташаббусҳои созандаи онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад»,–таъкид шуд дар ҳамоиш.

Иштирокчиёни ҳамоиш даъват карда шуданд, ки дар корҳои ободонию созандагӣ, риояи қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими суботи ҷомеа саҳми назаррас гузоранд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 10, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд