ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид

Август 14, 2026 10:06

ДУШАНБЕ, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Осорхонаи миллии Тоҷикистон зимни гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ дар ёдгории таърихии «Сайёд», воқеъ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон муҳри шоҳӣ ёфтанд, ки аз гили пухта сохта шуда, то имрӯз дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи хабари манбаъ, бозёфти нодир дорои аҳаммияти баланди илмӣ буда, метавонад дар омӯзиши таърихи аҳди Кӯшониён дар минтақа ба марҳилаи нав оғоз бахшад. Он метавонад барои бознигарии бархе аз назарияҳо ва дидгоҳҳои мавҷуда заминаи боэътимоди илмӣ фароҳам оварад.

Муҳри ёфтшуда ранги нахудӣ дошта, баландиаш 5 см мебошад ва аз ду қисми асосӣ иборат аст. Қисми аввал дастаи муҳр буда, дорои сӯрохӣ барои гузаронидани ришта ва истифодаи осони он аст. Қисми дуюм, ки бахши асосии муҳрро ташкил медиҳад, шакли доира дошта, нисбат ба даста бузургтар мебошад.

Қисмати нақшдори муҳр дар дохили доирае бо қутри 6 см ҳаккокӣ шудааст. Дар рӯйи муҳр тасвирҳо ба шакли вожгун ҷойгир гардидаанд, ки ин хусусияти маъмулии муҳрҳои расмӣ мебошад. Дар таркиби ин тасвирҳо катибаи бохтарӣ, нақшу нигори ҳандасӣ, нимпайкараи шоҳ бо тоҷи дандонадор, тасвири бузҳои кӯҳӣ, рамзҳои давлатдории шоҳони Кӯшонӣ, инчунин нишонаҳои марбут ба ҳокимияти шоҳони маҳаллӣ ва дигар унсурҳои рамзӣ мушоҳида карда мешаванд.

Арзиши илмии ин бозёфт дар он зоҳир мегардад, ки дар як муҳр маҷмуи унсурҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ, хаттӣ ва бадеии давраи Кӯшониён таҷассум ёфтааст. Ҳамгироии рамзҳои давлатдорӣ, катибаи бохтарӣ, тасвири шоҳи маҳаллӣ бо тоҷ ва дигар унсурҳои тасвирӣ ин бозёфтро ба яке аз намунаҳои нодири мероси фарҳангии минтақа табдил медиҳанд.

Дар айни замон муҳри кашфшуда мавриди таҳқиқ, омӯзиш, рамзкушоӣ ва хониши илмии мутахассисони шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллӣ қарор дорад. Пас аз анҷоми таҳқиқоти ҳамаҷониба натиҷаҳои илмии он дар шакли мақолаи муфассал ба ҷомеаи илмӣ ва доираи васеи муҳаққиқони соҳаҳои таърих, бостоншиносӣ, забоншиносӣ, хатшиносӣ, санъати тасвирӣ, устурашиносӣ, рамзшиносӣ ва дигар бахшҳои марбут пешниҳод мегардад.

Кашфи мазкур саҳми арзишманд дар омӯзиши таърихи давлатдории қадимии тоҷикон ва тамаддуни аҳди Кӯшониён буда, аҳаммияти бузурги илмӣ, фарҳангӣ ва осорхонавӣ дорад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Август 14, 2026 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд