Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим дар муколамаи ҷавонон баррасӣ шуданд

Август 8, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 08.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои глобалии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои обу иқлим дар замони муосир хеле саривақтӣ буда,  иштироки фаъолонаи ҷавонон дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист муҳим арзёбӣ мегардад.

Ин нукта дар муколамаи иқлимии ҷавонон, ки дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҷавонони фаъол аз шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Дӯстӣ ва Ҷайҳун, инчунин мутахассисони шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ин ноҳияҳо, мутахассисон ва шарикони рушд баргузор гардид, иброз гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар муколама муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Гулрухсор  Тиллоӣ иброз дошт, ки лоиҳаи «Сафарбаркунии ҷавонони тоҷик дар деҳот ва шаҳрҳо барои ҳалли мушкилоти иқлим» ба фаъолсозӣ ва муттаҳид намудани ҷавонони Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим равона гардидааст. Ҳадафи дарозмуддати лоиҳа омода намудани ҷавонон ҳамчун пешбарандагони тағйироти мусбат ва саҳмгузорӣ дар татбиқи  «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030» мебошад.

Иштирокдорони муколама  инчунин доир ба аҳамияти муҳим доштани «Харитаи роҳ» барои ҷалби ҷавонони маҳаллӣ ба фаъолияти ҳифзи муҳити зист ва иқлим (барои солҳои 2026-2030), ки аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист омода гардидааст, баҳои баланд доданд.

Ҷавонони фаъол аз ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа доир ба чорабиниҳои дар сатҳи маҳал амалинамудаашон бо рӯнамо баромад карданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 8, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем