Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар конференсия роҳбарият ва кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону коршиносон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи конференсия Директори Агентӣ Сулаймон Султонзода иброз дошт, ки Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки низоми мустақили ҳуқуқӣ ва ниҳодҳои давлатии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯро ташаккул дода, сиёсати давлатии худро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, мустақилона амалӣ намояд.
Таъкид гардид, ки коррупсия дар роҳи рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат монеаи ҷиддӣ эҷод карда, боварии ҷомеаро ба давлат ва сохторҳои он коста мегардонад ва боиси поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва заиф гардидани асосҳои ахлоқии ҷомеа мегардад. Аз ҳама муҳим, коррупсия яке аз омилҳои ҷиддии таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ба ҳисоб рафта, метавонад ба суботу оромӣ ва рушди устувори ҷомеа таъсири манфӣ расонад.
Аз ин рӯ, масъалаи пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва ташкилии мубориза бо коррупсия тадбирҳои пайваста ва ҳадафманд меандешад.
Тавре изҳор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо коррупсия ҳамкории байналмилалиро низ тақвият бахшида, ба санадҳои муҳими байналмилалӣ ҳамроҳ шудааст. Аз ҷумла, Тоҷикистон соли 2006 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсияро ба тасвиб расонида, ҷиҳати таҳкими низоми миллӣ ва вусъат бахшидани муқовимати низомнок ва ҳамоҳангшуда ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои коррупсионӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.
Бо мақсади таҳкими назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия — Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Таъсис ва ташаккули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ натиҷаи соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати пайгиронаи роҳбарияти давлат дар самти таҳкими волоияти қонун, таъмини адолати иҷтимоӣ ва муқовимат ба коррупсия арзёбӣ гардид.
Дар идомаи конференсия раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ва қонуният Маҳмадалӣ Ватанзода таъкид намуд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ барои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия ташаккул ёфтаанд.


Тазаккур дода шуд, ки дар Тоҷикистон ба фароҳам овардани мустақилияти зарурӣ барои ин ниҳоди махсусгардонидашуда, ки тавонад вазифа ва уҳдадориҳои худро самаранок ва бе таъсири номатлуб иҷро намояд, аҳамияти махсус дода мешавад.
Таъкид гардид, ки дар ин давра беш аз 20 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳо, барномаҳо ва стратегияҳои зиддикоррупсионӣ таҳия, тасдиқ ва қабул гардидаанд. Ин санадҳо барои такмили заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таҳкими ҳамкории байниидоравӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Зимни конференсия ҳамчунин масъалаҳои марбут ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии мамлакат, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тақвияти ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истифодаи усулҳои муосири пешгирии коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён вобаста ба мавзуъҳои марбут ба Истиқлоли давлатӣ, ташаккули сиёсати зиддикоррупсионӣ, роҳҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои соҳавӣ маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Изҳор гардид, ки таҳкими муқовимат ба коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ набуда, иштироки фаъоли ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи қонунмеҳварӣ ва таҳкими фарҳанги зиддикоррупсионӣ низ аҳамияти муҳим дорад.
Дар фарҷоми конференсия як қатор иштирокчиён барои саҳми арзанда дар таҳкими сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва иштироки фаъолона дар кори конференсия бо сипосномаҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тадбирҳои созандагӣ ва ободонӣ амалӣ гардонида мешаванд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ барои кӯдакону наврасони ятим ҳамоиши идона доир гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Дар ноҳияи Восеъ мумфаршкунии роҳҳо вусъати тоза меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии «Ҳаёт»-ро ба истифода доданд
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 11 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи нави орди ҶДММ «Ирода Инвест» оғоз бахшиданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад






