Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд

Август 7, 2026 09:56

ДУШАНБЕ, 07.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таъсис ва ташкили фаъолияти «Маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 6 август зимни вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо ҳайати Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат хабар доданд.

Иброз гардид, ки таъсиси ин марказ барои ҳар ду давлат аҳамияти стратегӣ дорад. Он барои ба сатҳи нав баровардани низоми омодасозии шаҳрвандони Тоҷикистон пеш аз сафар барои фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар мусоидат хоҳад кард.

Марказ имконият фароҳам меорад, ки омӯзиши касбҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати Давлати Қатар, омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуси шаҳрвандон, инчунин мутобиқсозии иҷтимоӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ба таври самаранок таъмин гардад.

Ҷонибҳо барои густариши ҳамкории мутақобили судманд барои татбиқи босамари ин лоиҳа ва таҳкими шарикии ду давлат дар самти рушди захираҳои инсонӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 7, 2026 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад