Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 29.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва «Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера, солҳои 2025–2034» дар шаҳри Душанбе Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар конфронс гуфта шуд, ки 13 августи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034»-ро, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ гардида буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.
Бо қабули ин қатънома солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера ба пешбурди ҳамкории илмии сатҳи ҷаҳонӣ тавассути ба роҳ мондани таҳқиқот ва мониторинги илмӣ алоқаманд буда, талошҳои рушди устуворро дар ҳалли мушкилоти марбут ба обшавии пиряхҳо ва пешгирии тағйирёбии иқлим дар криосфера дар бар мегирад.
Дар асоси натиҷаҳои гузориши Созмони Милали Муттаҳид, дар натиҷаи обшавии босуръати пиряхҳо то соли 2050 сеяки пиряхҳо аз байн мераванд.
Бинобар ин дар ин қатънома аз тамоми кишварҳои аъзои ин Созмон даъват шудааст, ки дар ҳама сатҳҳо тавассути пешбурди фаъолият барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи даҳсола ва аҳамияти пиряхҳо, барф ва ях дар низоми иқлим ва давраи гидрологӣ, инчунин таъсири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ табодули таҷриба ва донишҳо ба роҳ монда шавад.
Ҳамзамон дар он бо такя ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо-2025» ки қаблан бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида буд, барои дастгирии кишварҳо дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои он бояд мусоидат намуд.
Таъкид гардид, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зист аҳаммияти ташаббусҳои марбут ба криосфераро барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» муҳим арзёбӣ менамояд. Ҳамзамон нақши боризи кишварро дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ дар доираи татбиқи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034» иброз менамояд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид






