То 60 фоизи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон истеҳсол мегардад

Август 23, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 23.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Хатлон ҳамасола то 60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро истеҳсол менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, то соли 2026 дар вилояти Хатлон 75 ҳазору 368 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ба қайд гирифта шудааст, ки дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозори дохилӣ саҳми назаррас доранд.

Тибқи маълумоти оморӣ, то соли 2024 саршумори чорвои калон дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба беш аз 1 миллион сар расидааст.

Ҳамзамон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти асосии кишоварзӣ низ назаррас мебошад. Дар вилоят 1 миллиону 124 ҳазору 110 тонна ғалладона ва лӯбиёгиҳо, 250 ҳазору 577 тонна картошка, 164 ҳазору 827 тонна пахта, 2 миллиону 046 ҳазору 539 тонна сабзавот, 879 ҳазору 855 тонна полезӣ, 366 ҳазору 172 тонна мева ва 132 ҳазору 062 тонна ангур истеҳсол гардидааст.

АКС аз бойгонӣ

Август 23, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст