Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба раванди рақамикунонӣ, рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва сиёсати давлатӣ дар ин самт дар мулоқоти Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбарияти Фонди Авруосиёии субот ва рушд дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҷонибҳо оид ба имконоти татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо фонди мазкур, ки метавонанд ба рушди иқтисоди рақамӣ ва бахши хусусии кишвар таъсири мустақим расонанд, табодули назар намуданд. Ҳамзамон барои ба роҳ мондани ҳамкории пурсамар татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани иқтидори институтсионалӣ барои рушди хизматрасониҳои давлатии рақамӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ин замина ҷонибҳо аз Маркази хизматрасониҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дидан намуда, бо раванди пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, сатҳи рақамикунонии хизматрасониҳо ва имконияти техникии марказ аз наздик шинос гардиданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идомаи ҳамкорӣ, таҳияи лоиҳаҳо ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои давлатии рақамӣ ибрози омодагӣ намуданд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд






