Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink лоиҳаи Харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 06.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои ҳамкорӣ пас аз оғози расмии фаъолияти Starlink дар Тоҷикистон дар мулоқоти намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ширкати хусусии амрикоии SpaceX/Starlink ба таври маҷозӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд. Он истифодаи интернети моҳворавӣ барои муассисаҳои соҳаҳои тандурустию маориф, хизматрасониҳои давлатӣ, ташкилоти давлатӣ дар минтақаҳои дурдаст, татбиқи зеҳни сунъӣ, рушди харитасозии рақамӣ ва инфрасохтори ҳисоббарории «сабз»-ро дар бар мегирад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корро оид ба таҳия ва татбиқи Харитаи роҳ идома диҳанд. Инчунин ҷонибҳо оғози фаъолияти Starlink-ро заминаи муҳим барои рушди шарикии дарозмуддати технологӣ арзёбӣ намуданд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






