Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд

Август 28, 2026 16:12

ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии об дар Стокголм муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саноӣ Бойзода дар чорабинии «Пайванди конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028» иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Саноӣ Бойзода иброз намуд, ки конфронсҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 бояд ҳамчун раванди ягона ва пайвастаи глобалӣ баррасӣ шаванд. «Ин раванд бояд аз қабули уҳдадориҳо ба татбиқи амалии онҳо ва аз татбиқ ба натиҷаҳои мушаххасу ченшаванда гузарад. Дар ин замина иброз гардид, ки Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2026 дар Абузабӣ бояд ба татбиқи босуръати Рӯзномаи амал оид ба об (Water Action Agenda) тавассути ҷалби бештари маблағгузорӣ, истифодаи технологияҳо, таҳкими шарикӣ ва ҳисоботдиҳӣ мусоидат намояд», — гуфт Саноӣ Бойзода.

Ҳамчунин таъкид  шуд, ки Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2028 дар Душанбе бояд на танҳо натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028»-ро ҷамъбаст намояд, балки барои муайян намудани самтҳои ояндаи рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 замина гузорад.

Дар ин робита ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Чаҳорчӯбаи оби Душанбе (Dushanbe Water Framework) ишора гардид. Ҳадафи ташаббуси мазкур таъмини пайвастагӣ ва ҳамоҳангии бештари равандҳои байналмилалӣ дар соҳаи об, инчунин таҳкими ҳамкории амалӣ барои татбиқи уҳдадориҳо ва ноил шудан ба натиҷаҳои мушаххас мебошад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 28, 2026 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст