Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи «Роғун» маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявиро ҷалб менамояд

Август 22, 2026 08:50

ДУШАНБЕ, 22.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари маблағгузории мунтазами бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои ҷалби маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд тадбирҳои мушаххас меандешад. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 август дар мулоқот бо сохтмончиёни Неургоҳи барқи обии «Роғун» иброз намуданд.

Сарвари давлат афзуданд, ки аз соли 2020 инҷониб бо Бонки ҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ ҳамкории доимӣ ва муколамаи созанда ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷаи ҳамкории самарабахш бо Бонки ҷаҳонӣ барои ду марҳалаи аввали лоиҳа созишномаҳои грантӣ ба маблағи умумии 650 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуданд. Илова бар ин, бо Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ, Бонки Исломии Рушд, Фонди Саудии Рушд, Фонди Кувайт, Фонди ОПЕК, Фонди рушди Қатар, Бонки давлатии сармоягузории Италия ва Фонди Абузабӣ созишномаҳои қарзиву грантӣ ба маблағи умумии зиёда аз 1 миллиарду 900 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расидаанд. Ҳоло маблағгузории лоиҳа аз ҷониби ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ оғоз гардида, ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои ҷалби маблағҳои иловагӣ идома дорад.

«Имрӯз мо бори дигар итминон ҳосил намудем, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати хуб идома дошта, барои дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани он заминаи боэътимод фароҳам оварда шудааст. Ҳар қадами анҷомёфта моро ба ҳадафи стратегии миллӣ – таъмини истиқлоли комили энергетикӣ ва рушди иқтисоди «сабз» наздиктар месозад», — иброз доштанд Сарвари давлат.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 22, 2026 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд