«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 05.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба 20 октябри соли 2026 дар Осорхонаи тамаддуни Рими Ҷумҳурии Италия таҳти унвони «Тоҷикистон–кишвари ёдгориҳои нодир» намоиши байналмилалӣ баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Дар намоиш шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон аз ёдгориҳои машҳури бостоншиносӣ ва меъморӣ, аз ҷумла Тахти Сангин, Панҷакенти қадим, дайри буддоии Аҷинатеппа, инчунин дигар маконҳои таърихии ҷумҳурӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
Даврабандии таърихии ашёи пешниҳодшаванда аз асри VI то мелод то асри ХХ мелодиро дар бар гирифта, марҳилаҳои муҳими ташаккул ва рушди тамаддуни тоҷиконро инъикос менамояд.
Муаррифии таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва дастовардҳои тамаддунии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими ҳамкории фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон аз ҳадафҳои асосии намоиш мебошанд.
Намоиш барои меҳмонон ва дӯстдорони таъриху фарҳанг имконият фароҳам меорад, то бо намунаҳои арзишманди мероси моддии Тоҷикистон, ки бозгӯи таърихи бисёрҳазорсолаи ин сарзамин мебошанд, аз наздик шинос шаванд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд






