Тоҷикистон лоиҳаи «Харитаи роҳ»-ро оид ба татбиқи Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии ИДМ муаррифӣ намуд

Август 10, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 10.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар ҷаласаи 16-уми Шурои иттилоотонӣ дар соҳаи нақлиёти назди Машварати ҳамоҳангсозии нақлиётии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил лоиҳаи «Харитаи роҳ»-ро оид ба татбиқи «Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» муаррифӣ намуд, ки он дар оянда аз ҷониби Шурои иқтисодии ин Иттиҳод тасдиқ карда мешавад.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа татбиқи ҳуҷҷатҳои қабулкардаи мақомоти роҳбарикунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ равона шудааст, муҳокима гардид. Дар ҷаласа «Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Нақшаи амал оид ба беҳдошти инфрасохтор ва рушди долонҳои байналмилалии нақлиётии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2030», инчунин «Нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи марҳилаи дуюми (солҳои 2026-2030)», «Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон дар ҷаласа Қазоқистон ташаббуси таъсиси харитаи ягонаи рақамии нақлиётӣ-логистикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Узбекистон лоиҳаи Консепсияи таъсиси марказҳои иттилоотӣ-логистикиро пешниҳод намуданд. Ҷониби Русия лоиҳаҳои табдили рақамии соҳаи нақлиётро пешниҳод ва иштирокчиёни ҷаласаро бо қарорҳои муосир ва таҳияҳои амалӣ дар ин соҳа шинос намуд.

Донишгоҳи нақлиётии Русия инчунин баргузории сессияи байналмилалиро оид ба омода намудани кадрҳо барои табдили рақамии маҷмааи нақлиётӣ эълон кард. Он дар доираи Конфронси VI байналмилалии илмӣ-амалии технологияҳои рақамии нақлиёт ва логистика баргузор мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Август 10, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд