Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд

Август 9, 2026 14:29

ДУШАНБЕ, 09.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар моддаи 11-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром мекунад» ва «ташвиқоти ҷанг»-ро манъ менамояд. Қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027- 2036)» иҷрои ин моддаи Конститутсияи мамлакатро таъмин намуд.

— Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ аз оғози мавҷудият сиёсати дӯстона, боадолат ва «дарҳои кушода»-ро пеш гирифта, бо тамоми давлатҳо ва шарикони стратегии худ муносибати нек ба роҳ мондааст.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ дар ҷаҳон эътироф гардидааст, гувоҳӣ медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати одилона ва инсондӯстонаро аз рӯзҳои нахустин дар дохили мамлакат амалӣ кардааст.

Сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ, чун Кофе Анан, Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев, Ян Кубиш, Муҳаммад Навоз Шариф, Кочерил Раман Нараянан, Аҳмадшоҳи Масъуд низ ба таълимоти сиёсии сулҳофаринии Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, татбиқи онро дар воқеияти бархӯрдҳои сиёсии ҷаҳони муосир чун намои сулҳу оштӣ ва модели оштии зидҳо таъсиргузор ва муфид арзёбӣ намуданд.

Хусусан, суханони Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъудро дар бораи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе оби чашм хондан имкон надорад: «…бори аввал бо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вохӯрдам эҳсос кардам, ки аз ман ҳам марди ватандӯст ва фидоӣ будааст. Эмомалӣ Раҳмон – дорои ғурури тоҷикӣ ва бономустарин тоҷик мебошад, чунки барои миллату давлат ҷони худро дареғ надошт, мухолифонро бегона нашуморид, ба онҳо пешниҳод кард, ки мо тоҷикем ва бо тоҷик буданамон бояд фахр кунем, биёед сулҳ ва ваҳдатро поя гузорем… Сарвари кишвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон бо як баёнияи мардона, ки лаёқати ҳар тоҷики асил аст, дунёро ларзонд. Оре, ин аст ғуруру шукуҳи тоҷикон! Бояд ҳамаи тоҷикони ҷаҳон бо Эмомалӣ Раҳмон ифтихор кунанд».

Ин ҷо овардани суханони муншии собиқи Созмони миллати муттаҳид Кофе Анан низ бамаврид аст, ки ӯ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро омӯзанда ва нақши меъмори он- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муҳим арзёбӣ мекунад: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат сабақи беназир дорад ва дар ин раванд нақши Эмомалӣ Раҳмон калидӣ аст».

Сиёсати «дарҳои кушода»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зикраш дар боло рафт, аз эҳсоси волои мардумпарварӣ, дӯстӣ, сулҳхоҳӣ ободкориву созандагии Пешвои миллат сарчашма мегирад, ки «ҳамчун мактаби сиёсии воқеъбинона ва сулҳомез амал карда, натиҷаҳои зарурӣ дод ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муқаррар кард… Он ба пояи фарҳанги куҳанбунёди тоҷикон, аз қабили поктинатӣ, дӯстӣ, бародарӣ, таҳаммулпазирӣ ва меҳмоннавозӣ бунёд ёфтааст». Маҳз, ҳамин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, замири пок ва ҷаҳду талошҳои ҳадафмандона Сарвари моро ба қуллаи мақсуд расонид. Мардуми сулҳпарвару адолатхоҳи тоҷик хизматҳои бузургу шоистаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамарӯза мебинанд, мушоҳида мекунанд ва ба номи шарифу аъмоли мондагорашон арҷ мегузоранд.

Муносибатҳои неки кишварҳои дӯсту ҳамсоя – Тоҷикистону Узбекистон таърихи тӯлонӣ дорад ва ин дӯстии қадимӣ имрӯз бо ташаббуси Сарварони некрой ва покниҳод – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев руҳи тоза ва нашъунамои беандоза мегирад.

Ҳамчунин дар бораи имзои шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бояд гуфт, ки он «ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон»-ро фаро мегирад ва рӯйдоди муҳимму фараҳбахш ва деринтизори таърихӣ ба шумор меравад. «Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се давлат ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкории судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам месозад».

Ҷангу даргириҳои ҷаҳони имрӯза, низоъҳои мусаллаҳона, сарвату ҷаҳонхоҳии баъзе сарварони беандеша вазъи амнияти инсониятро хатарзо гардонидааст ва сулҳи саросарӣ наҷоти сайёра ва аҳли башар дониста мешавад. Аз ин хотир 24 сентябри 2024 бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эълон гардид ва қарори он дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Мутаҳҳид қабул гардид. Ҳадафи қабули пешниҳод ва қарори мазкур таъмини сулҳу ваҳдат ва ояндаи бехатар барои одамон мебошад.

Пешвои миллат иброз доштаанд, ки «мо – роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ бо мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми кураи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шавем. Вақти он расидааст, ки мо аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем. Дар робита ба ин, пешниҳод менамоям, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милал «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад».

Ва қарори ин пешниҳод қабул гардид. 25 июни 2026 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд. Тавассути қатъномаи мазкур давлатҳои аъзо уҳдадории муштараки худро барои пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.

Сурайё ҲАЙДАРЗОДА,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 9, 2026 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба тарзи тайёр намудани зардолуи хушк барои фасли зимистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба пӯпаки ҷуворимакка ва фоидаи он
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН. Дар соҳаи кишоварзӣ ҳаво ва иқлим нақши аввалиндараҷа доранд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
Малакаҳои рақамӣ заминаи рушди иқтисоди рақобатпазири Тоҷикистон мебошанд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Эл-Нинё ва Ла-Ниня – ду ҳодисаи табиие, ки ба иқлими ҷаҳон таъсир мерасонанд
Ташаббуси Тоҷикистон дар СММ: масъулияти байнинаслӣ ҳамчун парадигмаи нави ҳуқуқи сулҳ. Андешаҳо дар ин маврид
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба манфиат ва хусусияти табобатии хӯрокҳои миллӣ
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН: аз фарҳанги сулҳ то амнияти наслҳои оянда