Тоҷикистон таҷрибаи пешрафтаи Қазоқистонро дар самти истифода аз технологияҳои нав барои рушди соҳаи мелиоратсия меомӯзад

Август 7, 2026 11:02

ДУШАНБЕ, 07.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои минтақа, аз ҷумла Қазоқистонро бо истифода аз технологияҳои нав барои рушди соҳаи мелиоратсия ва беҳтар намудани самаранокии истифодаи захираҳои об дар мамлакат меомӯзад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар вилояти Туркистони Қазоқистон бо фаъолияти корхонаи «Turan Su Irrigation System», ки яке аз истеҳсолкунандагони пешсафи низомҳои муосири обёрии қатрагӣ дар минтақа мебошад, шинос шуд.

Роҳбарияти корхона ба вазир иқтидори истеҳсолӣ, равандҳои технологӣ ва навовариҳои татбиқшавандаро дар самти истеҳсоли таҷҳизоти обёрии сарфакунандаи об муаррифӣ кард. Корхона ба истеҳсоли лӯлаҳои полиэтиленӣ барои шабакаҳои обёрӣ, лентаҳои обёрии қатрагӣ, лӯлаҳои ПВХ, таҷҳизоти пайвасткунандаи шабакаҳои обёрӣ (фитингҳо), инчунин дигар таҷҳизоти муосири низомҳои обёрии сарфакунандаи об машғул мебошад.

Маҳсулоти корхона барои истифодаи самараноки захираҳои об, коҳиш додани талафоти об ҳангоми обёрӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи Қазоқистон дар самти истифодаи технологияҳои нав метавонад ба рушди соҳаи мелиоратсия ва беҳтар намудани самаранокии истифодаи захираҳои об дар Тоҷикистон мусоидат намояд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 7, 2026 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд