Тоҷикистон ва Беларус бо мақсади рушди соҳаи нақлиёт ва логистика Харитаи роҳ оид ба ҳамкориро таҳия менамоянд

Август 6, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 06.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Беларус тасмим гирифтаанд, ки бо мақсади рушди соҳаи нақлиёт ва логистика Харитаи роҳ оид ба ҳамкорӣ барои солҳои 2027-2030-ро таҳия намуда, онро дар ҷаласаи Комиссияи муштараки нақлиётии Тоҷикистону Беларус муҳокима намоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин ва дигар масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёт ва логистика дар мулоқоти муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Беларус Сергей Матсуков дар шаҳри Брест дар доираи ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои сода намудани раванди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар муддати кӯтоҳтарин низоми рақамии мубодилаи рухсатномаҳо барои интиқоли байналмилалии автомобилӣ татбиқ карда мешавад. Татбиқи ин механизм имкон медиҳад, ки шаффофияти додугирифт ва истифодаи рухсатномаҳо таъмин карда, расмиёти маъмурӣ ва таъсири омили инсонӣ ба ин раванд коҳиш дода шавад, самаранокии назорати давлатӣ баланд бардошта, барои фаъолияти интиқолдиҳандагони ҳар ду кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Дар айни замон татбиқи низоми E-Permit ба мутобиқсозии расмиёти дохилӣ бо меъёрҳои муосири байналмилалӣ дар соҳаи рақамикунонии хизматрасониҳои нақлиётӣ мусоидат мекунад.

Самти дигари муҳими ҳамкорӣ пешбурди муштарак ва рушди долони байналмилалии нақлиётӣ барои баромадан ба бозорҳои Аврупо арзёбӣ гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои мубодилаи таҷриба оид ба рақамикунонии соҳаи нақлиёт, амалӣ намудани низомҳои интеллектуалии нақлиётӣ (СИН), платформаҳои муосири иттилоотии идоракунии нақлиёт, инчунин рушди инфрасохтори нақлиётӣ-логистикӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 6, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд