Тоҷикистон ва Эрон ҳамкории мутақобили судмандро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 17.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли равон ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Эрон 254,3 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 32,8 миллион доллар ё 14,8 фоиз зиёд мебошад. Ин нукта дар вохурии ҳайати Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ бо муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф дар Теҳрон баён гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот ҳамкории мутақобили судманд байни ду кишвари ҳамзабон ва дӯсту бародар — Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо ба масъалаи густариши муносибатҳо дар соҳаи нафту газ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Дар идомаи мулоқот байни мусоҳибон оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор доир шуд.
Ҳамзамон ҳайати Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Ароқчӣ мулоқот намуда, доираи васеи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Эронро баррасӣ кард.
Ҷонибҳо аз раванди вусъати робитаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Иброз гардид, ки рушду таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, тавсеаи ҳамкории соҳавӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо аз авлавиятҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон мебошад.
Гуфтугӯи судманд доир ба масъалаҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак анҷом дода шуд.
Дар Теҳрон ҳамчунин мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири нафти Эрон Муҳсин Покнажод баргузор гардид. Дар он имконоти таҳвили маҳсулоти нафтии Эрон ба Тоҷикистон, аз ҷумла сӯзишвории дизелӣ, сӯзишвории авиатсионӣ ва нафти хом, масъалаи ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкории ширкатҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои эронӣ дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид.
Дар Теҳрон мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо вазири роҳ ва рушди шаҳрсозии Эрон Фарзона Содиқ баргузор шуд.
Зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо дар самтҳои нақлиёт, логистика ва таъмини интиқоли молу маҳсулот баррасӣ гардид.
Дар меҳвари муколамаи ҷонибҳо ташкили самараноки интиқол ва таъмини логистикии воридоти маҳсулоти нафтӣ ва нафти хом аз Эрон ба Тоҷикистон қарор дошт. Дар ин замина имконоти мавҷудаи нақлиётиву логистикӣ баррасӣ карда шуд.
Ҳамсуҳбатон барои ҳамкории муштарак ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мавҷуда ва истифодаи самараноки имконияти нақлиётиву логистикӣ изҳори омодагӣ намуданд
Дар идома ҳайати ҳукуматии Тоҷиқистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ вохӯрӣ намуда, масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи энергетика баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҳамраисони Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон оид ба иҷрои муқаррароти протоколи ҷаласаи охирини Комиссия, ки моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, табодули афкор намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда






