Тоҷикистон ва Фландрияи Шоҳигарии Белгия ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш медиҳанд

Август 25, 2026 11:10

ДУШАНБЕ, 25.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 август дар Душанбе вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо ҳайати Фландрияи Шоҳигарии Белгия доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак ва истифодаи имконияти минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, логистика, дорусозӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.

Иброз шуд, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкории иқтисодӣ бо Фландрия аҳамияти хос зоҳир намуда, солҳои охир робитаҳои иқтисодии ҷонибҳо рушд меёбанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва робитаҳои мустақими соҳибкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 25, 2026 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд