Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ба маблағи 200 миллион доллар созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд

Август 18, 2026 09:57

ДУШАНБЕ, 18.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 август дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд (ФАМР) созишнома оид ба ҷудо намудани маблағҳои қарзӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 200 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин фонд хабар доданд.

Созишнома дар доираи сафари Директори иҷроияи Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд Ярослав Мандрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, маблағгузорӣ ба муҳлати 20 сол, аз ҷумла бо назардошти 10 соли давраи имтиёзӣ бо меъёри 1 фоизи солона пешниҳод мегардад.

«Ин нахустин созишномаи қарзӣ оид ба пешниҳоди дастгирии буҷетӣ мебошад, ки пас аз ислоҳоти Фонд (Бунёд) ба имзо расидааст ва он ба ваколатҳои Фонд барои нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ ва молиявӣ дар минтақа комилан мувофиқат мекунад. Маблағҳои қарзӣ ба маблағгузории хароҷоти буҷет, аз ҷумла ба дастгирии хароҷоти афзалиятноки соҳаи иҷтимоӣ равона карда мешаванд. Он дар шароити фишори молиявӣ ба суратҳисобҳои хазинадорӣ вобаста ба пардохти вомбаргҳои аврупоӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад»,–афзуд Ярослав Мандрон.

Маблағгузорӣ барои дастгирии барномаи устуворсозии макроиқтисодӣ ва дигаргуниҳои сохторию ниҳодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027 пешниҳод карда мешавад.

Маблағҳои қарзӣ дар солҳои 2026-2027 пас аз иҷрои чорабиниҳои ин барнома дар се марҳала дастрас хоҳанд шуд. Барнома 12 чорабиниро аз рӯи самтҳои зерин дар бар мегирад: «Устувории макроиқтисодӣ», «Сиёсати буҷетӣ ва коҳиш додани таваккалҳои нимфискалӣ» ва «Баланд бардоштани шаффофияти сиёсати макроиқтисодӣ ва сохторӣ», ки ба афзалияти мубрами Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқ мебошанд.

Дар доираи сафари Директори иҷроияи Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ба Тоҷикистон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Ярослав Мандрон дар ҳайати васеъ вохӯрӣ намуд.

Дар вохӯрӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода иштирок карданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории фонд ва Тоҷикистонро барои давраи нави стратегӣ баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, хоҷагии об, кишоварзӣ ва нақлиёт мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон Ярослав Мандрон бо Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода ва Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин вохӯриҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти корҳои таҳлилӣ, татбиқи лоиҳаҳои дурнамои зерсохторӣ ва иҷтимоӣ, рушди хизматрасониҳои рақамии давлатӣ ва соҳаи маориф баррасӣ гардиданд.

Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии фонд фаъолият дорад, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти Фонд ва ҳамкории онро бо мақомоти давлатӣ таъмин менамояд.

Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар асоси Шартнома дар бораи таъсиси Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд аз 9 июни соли 2009 аз ҷониби ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таъсис дода шудааст. Ҳадафи асосии он мусоидат ба устувории иқтисодӣ ва молиявии мамлакатҳои аъзои Фонд мебошад.

АКС: Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд

Август 18, 2026 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд