Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар самти рушди иқтидори захираҳои инсонӣ густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 04.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба, рушди иқтидори захираҳои инсонӣ ва иштироки Тоҷикистон дар Барномаи стипендиявии Ҷопон ва Хазинаи байналмилалии асъор барои Осиё (JISPA) зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Директори Дафтари минтақавии Хазинаи байналмилалии асъор барои Осиё ва Уқёнуси Ором Такаши Нагаока баррасӣ гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти Барномаи JISPA-ро дар омода намудани мутахассисони баландихтисос ва таҳкими иқтидори мақомоти давлатӣ таъкид намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин тавсеаи мубодилаи таҷриба ва рушди ҳамкориро дар самти омода намудани кадрҳои соҳибтахассус барои таҳлили макроиқтисодӣ, сиёсати савдо ва сармоягузорӣ, инчунин татбиқи зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории мутақобили судманд ва татбиқи барномаҳои муштарак дар самти рушди иқтидори кадрӣ ва иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






