Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Дар заминаи ин ҳамкорӣ татбиқи лоиҳаҳои муҳими энергетикӣ, аз ҷумла бунёди зеристгоҳи нави барқӣ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Варзоб-2» дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон хонум Эри Арфия дар Душанбе баррасӣ гардид.
Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон ба густариши ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ, ҷалби технологияҳои муосир ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи Ҷопон дар рушди соҳаҳои энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






