«Тоҷиктелеком» ба платформаи ҷаҳонии мубодилаи трафики интернетии «DE-CIX» пайваст шуд

Август 18, 2026 09:33

ДУШАНБЕ, 18.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Тоҷиктелеком» ба платформаи бузурги ҷаҳонии мубодилаи трафики интернет–«DE-CIX», воқеъ дар шаҳри Франкфурти Олмон пайваст шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масирҳои байналмилалии интернетии «DE-CIX» тавассути «Тоҷиктелеком» ба операторон ва провайдерҳои Тоҷикистон, ки иштирокчиёни нуқтаи миллии мубодилаи трафики TJ-IX мебошанд, дастрас мешаванд.

Пайвастшавӣ ба «DE-CIX» имкон медиҳад, ки дастрасӣ ба платформаҳо ва хизматрасониҳои ҷаҳонӣ беҳтар шуда, интернет то марказҳои иттилоотии Аврупо бо таъхири камтар интиқол ёбад. Ин ба баланд шудани суръат ва устувории пайвастшавӣ мусоидат мекунад.

Лоиҳа барои рушди иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои онлайн дар Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад. Бонкҳо, системаҳои давлатии иттилоотӣ, марказҳои коркарди маълумот ва дигар хизматрасониҳои рақамӣ метавонанд бо платформаҳои байналмилалӣ устувортар ва босуръаттар кор кунанд.

Барои истифодабарандагони одии интернет низ ин пайвастшавӣ метавонад ба беҳтар шудани сифати видеоконфронсҳо, таҳсилоти фосилавӣ, хизматрасониҳои онлайн, платформаҳои пахши видео ва дигар хизматрасониҳои интернетӣ мусоидат намояд.

Ба платформаи ҷаҳонии мубодилаи трафики интернетии «DE-CIX» пайваст шудани «Тоҷиктелеком» ҳамчунин ба гуногунсозии роҳҳои байналмилалии интернетии Тоҷикистон ва таҳкими иинфрасохтори рақамии мамлакат мусоидат мекунад.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 18, 2026 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид