То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад

Август 15, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои азхудкунии 416 гектар заминҳои нав ва барқарорсозии 344 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда корҳо идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ иттилоъ медиҳад.

Азхудкунии заминҳои нав ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар доираи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мегардад.

Дар доираи ин барнома соли равон   азхуд намудани 2820 гектар заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 1119 гектар заминҳои бекорхобида ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки 9 сентябри соли 2025 «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид. Барномаи мазкур барои расидан ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия гардида, мақсади асосии он зиёд намудани азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар ҷумҳурӣ мебошад.

Дар натиҷаи амалисозии барнома имконият фароҳам мегардад, ки 11 800 гектар заминҳои нав азхуд ва 16 ҳазору 750 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиши кишоварзӣ баргардонида шаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 15, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд