«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад

Август 3, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 03.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба эълон гардидани Соли ҳифзи саломатӣ (2026) дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Озмуни байналмилалии эҷодии «Ҳуқуқ ба саломатӣ» баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 31 июл ҷаласаи якуми Комиссияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Иброз гардид, ки ин озмун бо мақсади баланд бардоштани тарзи ҳаёти солим, тарғиби ҳуқуқ ба саломатӣ, ҷалби ҷавонон ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ ва муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ доир мегардад.

Озмун аз рӯи чор номинатсия- «Беҳтарин эссе», «Беҳтарин видеосюжет», «Беҳтарин акс» ва «Беҳтарин расм» баргузор шуда, дар он  кӯдакон ва наврасони то 14-сола ва нафарони аз 14-сола боло иштирок карда метавонанд.

Тибқи Низомнома, ба озмун корҳои эҷодӣ ба забони русӣ ва тоҷикӣ қабул карда мешаванд. Ҳар иштирокчӣ метавонад то 2 асар дар ҳар номинатсия пешниҳод намояд. Беҳтарин корҳои эҷодӣ ба марҳилаи байналмилалии озмун ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод карда мешаванд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 3, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд