Умед Бобозода ва Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ масоили ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 19.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Сафири навтаъйини Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон амалишуда ҳамчун иқдоми саривақтӣ ва самарабахшу муҳим арзёбӣ гардиданд. Иброз гардид, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал татбиқ намудани ин тадбирҳо ба пешрафту рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар самти таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва дар ин ҷода пайваста саҳм гузоштани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Зимни вохӯрӣ Умед Бобозода инчунин оид ба «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038» маълумоти муфассал дод. Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон пайваста қадамҳои устувор мегузорад.
Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкорӣ барои солҳои минбаъда дар самтҳои мухталифи ҳуқуқи инсон изҳори омодагӣ намуд.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






