Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 26.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрии вакилон бо фаъолони ҷамоатҳои деҳоти Даштиҷум ва Теҳрай баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ҳамоиш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори иқтисоди миллӣ ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа ибрози андеша намуд.
«Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо танҳо ба даст овардани соҳибистиқлолии сиёсӣ набуда, балки оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, эҳёи худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди ҳамаҷонибаи мамлакат маҳсуб мешавад», — таъкид гардид дар вохӯрӣ.
Дар ин давра Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол роҳи созандагӣ ва рушди устуворро пеш гирифт. Дар ин раванд барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ободонии мамлакат ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар тадбирҳои муҳим мавриди иҷро қарор дода шуданд.
Гуфта шуд, ки яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ҳифз ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз фазои сулҳу субот имкон фароҳам овард, ки неруи созандаи ҷомеа ба ободонӣ, рушди иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум равона карда шавад.
Дар вохӯрӣ ба масъалаҳои рушди соҳаи маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳдошти шароити зиндагии мардум, ободии маҳал, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тарбияи дурусти ҷавонону наврасон дар роҳи тарғиби худшиносию худогоҳии миллӣ, донишандӯзӣ ва пешгирии ҳамроҳшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар масъалаҳои муҳиму афзалиятноки замони муосир таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид






