Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Раиси вилояти Гулистони Эрон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд

Август 25, 2026 09:33

ДУШАНБЕ, 25.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Раиси вилояти Гулистони Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиасғар Таҳмосбӣ дар Душанбе баррасӣ гардид. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо дурнамои мутақобилро барои амиқтар кардани ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика ва зарурати истифодаи фаъолонаи ин имконотро таъкид намуданд.

Азим Иброҳим ва Алиасғар Таҳмосбӣ, аз ҷумла масъалаҳои густариши ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва ба роҳ мондани парвозҳои мунтазамро байни шаҳри Душанбе ва вилояти Гулистони Эрон баррасӣ карданд.

Бояд гуфт, ки вилояти Гулистон дар шимолу шарқи Эрон ва дар самти ҷанубу шарқ аз баҳри Хазар ҷойгир шудааст. Маркази маъмурии музофот шаҳри Гургон аст, ки то соли 1937 Астаробод ном дошт. Гулистон, ки соли 1997 аз вилояти Мозандарон ҷудо шуда буд, дар шимол бо Туркманистон ҳамсарҳад аст. Яке аз нуқтаҳои асосии сарҳадии байни ду кишвар Инче-Борун мебошад, ки ҳамчун нуқтаи муҳими ҳамлу нақл хизмат мекунад. Он бо роҳи оҳани Эрон пайваст аст.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 25, 2026 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд