Вазирони оби кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои идоракунии захираҳои обиро баррасӣ намуданд

Август 10, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 10.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои идоракунии захираҳои обӣ дар ҷаласаи 94-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Туркистони Қазоқистон баргузор гардид, баррасӣ шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

‎Дар ҷаласа Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Қазоқистон Нуржан Нуржигитов, раиси Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон Дурдӣ Генҷиев ва вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Ҳамраев иштирок намуданд.

‎Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба натиҷаҳои обгирӣ, реҷаи кори силсилаобанборҳо дар давраи нашъунамои соли 2026 дар ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Аму, инчунин иҷрои пешниҳодҳо ва ташаббусҳои сарварони давлатҳои таъсисдиҳандаи Фонди байналмилалии наҷоти Арал баррасӣ гардиданд.‎ ‎

Ҳамчунин масъалаи таҳияи лоиҳаи Нақшаи ҷорӣ намудани низоми автоматикунонидаи баҳисобгирии захираҳои об дар ҳавзаи Сирдарё мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иштирокдорони ҷаласа таҳияи ҳуҷҷати мазкурро ҷонибдорӣ намуда, тасмим гирифтанд, ки то моҳи сентябри соли равон барои баррасии ин масъала гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шавад.

‎Интизор меравад, ки ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози хоҷагии обии Осиёи Марказӣ дар Туркманистон баргузор шавад.

 

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 10, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид