Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳои сиёсиву маърифатӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳо оид ба аҳамияти таърихию сиёсии Истиқлоли давлатӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияту суботи ҷомеа, инчунин масъулияти хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар назди давлату миллат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, муовини раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Дилноза Аҳмадзода иброз намуд, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихи навини Тоҷикистон буда, маҳз дар заминаи соҳибистиқлолӣ барои ташаккули давлати миллӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва боло рафтани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам омад.
Таъкид шуд, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои мардуми Тоҷикистон давраи бисёр мураккабу тақдирсоз ба ҳисоб рафта, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба мамлакат талафоти ҷонӣ, хисороти иқтисодӣ ва пайомадҳои вазнини иҷтимоиву сиёсӣ ба бор овард. Дар чунин шароити ҳассос ҳифзи давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаи рушди минбаъдаи мамлакат вазифаи таърихӣ гардид.
Давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон марҳилаҳои муҳими ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро тай намуда, низоми қонунгузорӣ ва институтҳои давлатӣ пайваста такмил ёфтанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва принсипҳои асосии ҷомеаро муайян намуда, барои рушди устувори мамлакат заминаи боэътимод фароҳам овард.
Изҳор гардид, ки қонуният танҳо бо қабули қонун таъмин намегардад, балки иҷрои бечунучарои он, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, масъулияти хизматчиёни давлатӣ ва фаъолияти босифату шаффофи мақомоти давлатӣ низ омили муҳими таҳкими давлати ҳуқуқбунёд мебошад.
Зимни вохӯрӣ ба масъалаи масъулияти хизматӣ ва касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки пӯшидани либоси хизматӣ масъулияти баланд дар назди давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон мебошад. Ҳар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи садоқат ба Ватан, интизоми баланд, поквиҷдонӣ, маданияти муошират ва эҳтиром ба қонун бошад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд






