«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 26.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ҳамкории байналмилалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Маҷмааи мероси ҷаҳонии Кохи Гулистони Ҷумҳурии Исломии Эрон намоишгоҳи муштараки маҷозии кундалнигории тоҷик ва кошикории эронӣ таҳти унвони «Як мерос, ду сарзамин» ифтитоҳ гардид. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки зимни ифтитоҳи намоишгоҳ роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маҷмааи мероси ҷаҳонии Кохи Гулистон ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар доираи намоишгоҳ аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 25 намунаи беҳтарини ҳунари кундалнигории тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуд. Ин осор дар солҳои гуногун аз ҷониби ҳунармандони маъруфи тоҷик, аз ҷумла Мирзораҳмат Олимов, Раҳим Аҳмадов, Кароматулло Ғаюров, Юсуф Раупов, Маҳмадкарим Рақибов, Тошпӯлод Ҳайитов, Раҳим Абдураҳмонов, Аюб Бурҳонов, Анваршо Сайфуддинов, Меҳрона Умарова, Шавкат Хуҷаяров, Беҳрӯз Боймуродов, Муҳаммад Ҳикматзода ва дигар устодони ин ҳунар офарида шудаанд. Осори мазкур бо сифати баланди аксбардорӣ омода гардида, дар намоишгоҳи маҷозӣ муаррифӣ шуданд.
Бояд гуфт, ки кундалнигорӣ яке аз навъҳои қадимӣ ва нодири санъати наққошии анъанавии тоҷик ба шумор меравад. Ба андешаи муҳаққиқон, давраи пайдоиш, рушд ва ташаккули ин навъи санъат ба асрҳои XV–XVI рост меояд. Дар кундалнигорӣ бештар нақшу нигорҳои наботӣ, ҳандасӣ, ислимӣ ва зооморфӣ истифода мешаванд. Заминаи асарҳо асосан бо рангҳои кабуд ё осмонӣ оро дода шуда, дар баъзе мавридҳо аз ранги зарандуд низ истифода мешавад.
Дар намоишгоҳ ҳунари кошикории Кохи Гулистон низ муаррифӣ гардид, ки яке аз марҳилаҳои муҳимми рушди санъати ороишии Эронро бозгӯйӣ менамояд. Кошиҳои ҳафтранг, муаррақ ва маъқалии Кохи Гулистон на танҳо арзиши баланди ороишӣ доранд, балки ҳамчун сарчашмаҳои муҳими тасвирӣ таҳаввулоти фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии даврони Қоҷорро низ инъикос мекунанд. Нақшу нигор, тасвирҳои гулу гиёҳ, саҳнаҳои дарборӣ ва дигар унсурҳои ороишии ин кошиҳо пайванди анъанаҳои бостонии ҳунари эронӣ ва равандҳои нави рушди санъатро бозгӯйӣ менамоянд.
Намоишгоҳи мазкур дар шакли маҷозии сеандоза (3D) дар сомонаи махсуси Кохи Гулистон пешниҳод гардида, давоми як моҳ барои боздиди дӯстдорони фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон, Эрон ва дигар кишварҳо дастрас хоҳад буд.
Намоишгоҳи «Як мерос, ду сарзамин» ҳамчун иқдоми муҳими фарҳангӣ ба муаррифии осори арзишманди ҳунари тоҷикӣ ва эронӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ равона шудааст.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд






